Дар масҷиди шиаҳои воқеъ дар шаҳри Ҳироти Афғонистон рӯзи 1 август таркиш рух дода, дар натиҷаи он дастикам 50 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора «Ал-Ҷазира» бо такя ба маълумоти ҳукуматдорони минтақавӣ хабар медиҳад.

Қаблан намояндаи бемористони маҳаллӣ иттилоъ додааст, ки бар асари ин ҳодиса 29 нафар ҳалок ва 63 нафар осеб дидаанд.

Хабаргузории «Медуза» дар робита ба ин ҳодиса менависад, таркишро як маргталаб анҷом дода, тибқи баъзе маълумот, дар ин ҳамла як ҷангии дигар низ бо яроқи оташфишон ҳузур доштааст.

Ҳодисаи мазкур ҳангоми адои намози шом ба вуқӯъ пайваста, тибқи маълумоти «Ал-Ҷазира» ин замон ҳудуди 300 тан дар масҷид ҳузур доштаанд.

Гуфта мешавад, масъулияти ин амалро алҳол касе ба дӯш нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҷангиёни созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» ва ҳаракати «Толибон» мунтазам дар Афғонистон ба амалҳои террористӣ даст мезананд.