Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, баъди эълони таҳримҳои нави ИМА умедҳои Кремл барои беҳбуди муносибатҳо бо маъмурияти кунунии Амрико ба поён расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки зидди Русия ҷанги тиҷории комил эълом шуда, ин таҳримҳо даҳсолаҳо идома хоҳанд кард, зеро "хусусияти фарогир" дошта, президенти ИМА наметавонад, онҳоро бе розигии Конгресс лағв кунад.

Гуфта мешавад, ба назари Медведев, муносибатҳои Вашингтону Москва новобаста аз ҳайати Конгресс ва шахсияти президенти ИМА бадтар хоҳанд шуд. Раиси ҳукумати Русия афзуд, ки талошҳои кишвараш барои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ идома хоҳанд ёфт. "Мо аз уҳдааш мебароем", - афзуд ӯ.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар гуфт, ки эъломи таҳримҳои нави ИМА "дар асл чизеро тағйир намедиҳанд". Ӯ дар мавриди он ки Кремл зидди Амрико чораҳои ҷавобие хоҳад андешид ё не, афзуд, ки "ин гуна чораҳо аллакай андешида шудаанд".

Президенти ИМА Доналд Трамп 2 август бо имзои қонуне зидди Русия таҳримҳои нав эълом кард. Ин лоиҳаи қонунро пештар Сенати Амрико ба тасвиб расонда буд.