Президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави кишвараш оид ба Афғонистонро ба имзо расонид.

Бино ба навиштаи РБК, акнун мувофиқи ин стратегия 4 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ иловатан ба Афғонистон фиристода мешаванд.

Тибқи маълумоти шабакаи телевизионии Fox News, ин тасмими Трамп рӯзи 19 август зимни вохӯрии ӯ дар бӯстонсарои бернузшаҳриаш Кэмп-Дэвид бо «генерал ва низомиёни воломақом»-и амрикоӣ қабул шудааст.

«Мо дигар ба давлатсозӣ машғул намешавем. Мо террористонро нобуд мекунем. Ман гуфта наметавонам, ки мо кай ҳамла карданием, вале мо ҳамла хоҳем кард», - иброз доштааст Доналд Трамп.

Дар робита ба тарзи ҳамкорӣ бо Покистон Трамп қайд кардааст, ки аз шарикӣ бо ИМА Покистон хеле «бурд» мекунад, вале «агар ба ҷинояткорону террористон рӯ орад», метавонад, «бисёр бохтҳое ҳам дошта бошад».

Ғайр аз ин, Доналд Трамп гуфтааст ИМА ба Ҳиндустон низ фишор хоҳанд овард, то ки Ню-Дели ба дастгирии рушди иқтисоди Афғонистон тақвият бахшад.