Қарзи давлатии ИМА аз рӯи натиҷаҳои рӯзи 8 сентябр марзи таърихии 20 триллион долларро убур кард.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Медуза», ҳисобот доир ба вазъи қарзи давлатӣ ҳамарӯза дар сомонаи Вазорати молияи ин кишвар нашр мешавад.

Гуфта мешавад, қонуни 8 сентябр баимзорасида ба афзудани қарз ба маблағи 318 млрд. доллар боис гардид. Ин қонун ба ҳукумати ИМА ҷиҳати дар муҳлати се моҳ ҷалб кардани қарзҳои нави имкон фароҳам овард. Аз ҷумла, 15 млрд. доллар ба осебдидагон аз тӯфони «Харви» равона мегардад.

Барои қабули қонун дар бораи боло бурдани сатҳи қарзи давлатӣ президенти ИМА Доналд Трамп бо демократҳо дар Конгресс созишнома ҳосил кард. Замони савгандёдкунии Трамп қарзи давлатӣ 19,9 триллион долларро ташкил медод.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 қарзи давлатии ИМА 106% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил медод, ки нишондиҳандаи сеюм миёни кишварҳои «Бистгонаи бузург» аст. Зинаи аввалро Япония ишғол мекунад, ки қарзи давлатиаш ба 9,1 триллион доллар баробар буда, вале аз ҳаҷми умумии ММД дуюним маротиба зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Русия, охири соли 2017 ҳаҷми қарзи давлатии ин кишвар 12,7 триллион рублро ташкил додааст, ки ба 13,8%-и аз ҳаҷми умумии ММД баробар мебошад.