Шӯрои амнияти СММ рӯзи душанбе дар посух ба озмоиши шашум ва нирӯмандтарини ҳастаии Кореияи Шимолӣ, ки 3 сентябри соли равон анҷом шуд, зидди Пхенян таҳримҳои нав эълом кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, баъзе аз чораҳои пешниҳодии ИМА бо пойфишории ҷониби Чину Русия рад шуданд. Пекину Москва мегӯянд, пурра таҳрим кардани интиқоли нафти Кореяи Шимолӣ ва чораҳои ҳамсони дигар созанда нестанд ва вазъро дар нимҷазираи Корея бадтар хоҳанд кард.

Маъмурияти президент Доналд Трамп гуфта буд, танҳо бо роҳи эъломи таҳримҳои шадид мешавад Пхенянро маҷбур кард, то аз барномаҳои ҳастаию мушакияш даст кашад ва роҳи гуфтушунидро пеш гирад.

Қатъномаи нави Шӯрои амният содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз Кореяи Шимолӣ ва интиқоли гази табииро ба ин кишвар манъ ва фурӯши нафту маҳсулоти нафтии онро маҳдуд мекунад. Санад аз кишварҳои ҷаҳон низ даъват мекунад, то тамоми киштиҳоеро, ки ба Кореяи Шимолӣ мераванд ё аз он хориҷ мешаванд, тафтиш кунанд.

Ба қатънома пешниҳодҳои аслии ИМА, ки хоста буд, сафарҳои хориҷии президенти Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин таҳрим ва дороиҳояш дар хориҷ ба ҳабс гирифта шаванд, шомил нагаштанд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар мавриди озмоиши навбатии силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ нигаронӣ изҳор намуда, қайд кард, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд.