Вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ Ри Йонг Хо президенти ИМА Доналд Трампро баъди суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ, ки гуфт, дар сурати таҳдид шудани ИМА аз сӯи Куриёи Шимолӣ ин кишварро "комилан нобуд" мекунад, ба "саги аккосӣ" баробар кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ри Йонг Хо суханронии Трампро "овози аккосзании саг" номид.

Гуфта мешавад, дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Ню-Йорк, назди бинои СММ, вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ масалеро ёдовар шуд: "Ҳатто ҳангоми ҷакидани сагҳо низ намоиш идома меёбад". "Агар Трамп фикр мекунад, ки бо садои сагона моро ба тааҷҷуб меорад, пас вай воқеан хаёлпарварӣ кардааст"..

Ба суоли хабарнигорон дар бораи ин ки назараш нисбати "мушакбар" номидани роҳбари Кореияи Шимолӣ Ким Чен Ин аз сӯи Доналд Трамп чист, вай гуфт: "Ҳайфи ёварони вай".

Қобили зикр аст, ки Кореяи Шимолӣ рӯзи 3 сентябр сеюмин ва бузургтарин озмоиши ҳастаияшро анҷом дод ва соли ҷорӣ чандин мушак, аз ҷумла мушакҳои болдори байниқоравӣ ва ду мушаки дигар, ки аз болои Ҷопон парвоз карданд, партоб кард.