Ҳизби ҳокими Иттиҳоди демократии масеҳиёни Олмон, ки онро Ангела Меркел раҳбарӣ мекунад, барандаи интихоботи порлумонии ин кишвар эълом шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи натиҷаҳои пешакӣ, 33%-и раъйдиҳандагон аз он ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин ҳизб дар таърихи худ бори дувум аст, ки дар интихобот раъйи камро соҳиб мешавад. Бори нахуст, соли 1949 шумори ками мардум аз он ҷонибдорӣ карда буданд.

Ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби сотсиал-демократии Олмон ба раҳбарии Мартин Шултс ҳудуди 20%-и интихобкунандаҳо раъй додаанд. Ин бори аввал аст, ки ҳизби мазкур дар таърихи худ раъйи камро касб мекунад. Ба иттилои "Мавҷи Олмон", он аллакай эълом кардааст, ки ба сафи мухолифон хоҳад пайваст.

Ҳизби "Алтернатив барои Олмон" бо соҳибии 12%-и раъйи мардум дар мақоми севум қарор дорад. Комёбии "Алтернатив барои Олмон" комёбии Москва хоҳад буд, чун бархе аз масъулони он бо мақомоти рус робитаҳои наздик доранд ва онро пинҳон ҳам намекунанд.

Бино ба хабарҳо, дар интихоботи порлумонии Олмон ҳудуди 75%-и интихобкунандаҳо иштирок кардаанд. Натиҷаи ниҳоии интихобот расман пас аз як ҳафтаи баргузории он эълом хоҳад шуд.

Паноҳандагон, тандурустӣ, маориф, нафақа, таъмини амнияти сокинон яке аз мушкилиҳои асосии Олмонанд, ки ҳукумат ва порлумони оянда бояд ба ҳалли онҳо бипардозад.