Мақомоти пулиси Лас-Вегас эълом доштааст, ки бар асари ҳамла ҳангоми консерт беш аз 20 нафар ҷон бохта, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд, менависад Медуза бо истинод ба Associated Press.

Шоми рӯзи якшанбе дар мавзеи ҷануби Лас-Вегас, ки меҳмонхона ва қиморхона (казино)-и «Мандалай-Бэй» дар он ҷойгиранду дар наздикиаш фестивали мусиқии Route 91 ҷараён дошт, шахси номаълум ба тирпарронӣ шурӯъ кард.

Хабаргузории ABC News бо истинод ба намояндаи пулис менависад, марде, ки ба сӯи тамошобинони консерт ба типарронӣ оғоз кард, кушта шудааст. Шахсияти ӯ  ва ҳамчунин танҳову якка будан ё ҳамроҳ доштани ӯ алҳол маълум нест.

GETTY IMAGES

Дар аксҳои пайдошуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки шахсони оғӯштаи хун рӯи замин хобанд. ВАО-и маҳаллӣ бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон иттилоъ медиҳанд, ки тирпарронӣ босуръату тӯлонӣ буда, ба ҳама ҷо тир кушода мешудааст. 

GETTY IMAGES