Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон 23 октябр дар доираи як сафари эъломношуда вориди шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Тиллерсон дар ҳоле аз Кобул боздид мекунад, ки ҳукумати Афғонистон бо пуштибонии Ғарб, баъди хурӯҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, барои саркӯби Толибон мубориза мебарад.

Сафорати Амрико дар Кобул 23 октябр бо нашри як изҳорот гуфт, котиби давлатии ИМА ва президент Ашраф Ғанӣ бори дигар тасдиқ карданд, ки Вашингтону Кобул ҷонибдори сулҳу субот ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистонанд.

Тиллерсон гуфт, дар стратегияи нави ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ возеҳ гуфта шуда, ки Вашингтон барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон ва маҳви паноҳгоҳҳои террористон, ки монеи расидан ба ин ҳадаф хоҳанд шуд, ҷонибдори ҳамкорӣ бо Кобул ва шарикони минтақавӣ аст.

Ҳамчунин дар изҳорот қайд шуда, ки президент Афғонистон бори дигар ҳимояти худро аз стратегияи нави ИМА ва ҷонибдории ҳукуматашро аз ислоҳот баён кардааст.

Котиби давлатии ИМА ва президенти Афғонистон дар фурудгоҳи Багром, бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар ин кишвар мулоқот карданд.

Маъмурияти президент Доналд Трамп ахиран стратегияи нави мубориза бо Толибонро муаррифӣ кард. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки ба Афғонистон 3000 сарбози иловагӣ фиристода хоҳад шуд. Дар ин кишвар дар ҳоли ҳозир, 11 ҳазор низомии амрикоӣ қарор доранд.

Боздид аз Кобул як бахши силсилаи сафарҳои Тиллерсон аст, ки то ҳол дар Арабистони Саудӣ ва Қатар анҷом шуданд. Баъд аз Афғонистон ӯ ба Покистон ва Ҳиндустон низ хоҳад рафт.