Дар натиҷаи як амали террористӣ дар маркази шаҳри Ню-Йорк, дар ғарби Манҳеттан 8 нафар ҷон дода, беш аз 10 тани дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳамчун гумонбар дар ин ҳодиса Сайфулло Саипов, зодаи 29-солаи Ӯзбекистон боздошт шудааст. Пулис мегӯяд, Саипов бо мошине ба роҳи дучархасаворӣ баромада, дар наздикии Маркази ҷаҳонии савдои Ню-Йорк, ки 11 сентябри соли 2001 ҳадафи террористон қарор гирифта буд, пиёдагардонро пахш кард.

Аз мошини зодаи Ӯзбекистон навиштаеро дарёфт кардаанд, ки ӯ дар он вафодории худро ба гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) баён медорад.

Саипов баъди бархӯрд бо автобуси хонандагони мактаб дар даст ашёи монанд ба туфангча аз дохили мошин берун шудааст ва кормандони пулис ӯро паррондаанд. Дар натиҷа гумонбар захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфтааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, Саипов чанд сол пеш аз Ӯзбекистон ба Амрико рафта, дар шаҳри Патерсон зиндагӣ мекард. Ӯ бо мошини иҷора ба пиёдагардон ҳамла кардааст. Ҳанӯз робитаи гумонбар бо гуруҳҳои террористӣ тасдиқ нашудааст.

Президенти ИМА Доналд Трамп бо ибрози ҳамдардӣ ба наздикону пайвандони қурбониён гуфтааст, "набояд иҷозат дод, ки ДИ баъди шикаст дар Ховари Миёна ба кишвари мо ё ҷои дигар роҳ ёбад. Бас аст!".