Консорсиуми байналхалқии пажуҳиши рӯзноманигорӣ (ICI) маҷмуи ҳуҷҷатҳои навро нашр кард, ки ин маҷмуа аз рӯи ҳаҷм ва муҳтаво бо "парвандаҳои Панамо" баробар аст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, хабарнигорони Консорсиум бо омӯзиши наздики 13,4 миллион ҳуҷҷатҳои махфӣ тарҳи нави саркашии мансабдорони баландпояро аз пардохти андоз ошкор кардаанд.

Натиҷаи пажуҳиш, ки номи "парвандаи биҳишт" ё "Варақаҳои ҷазираҳои биҳишт" (Paradise Papers)-ро гирифтааст, 5 ноябр нашр шуд. Пажуҳиш ба робитаи мансабдорони баландпояи ҳукумати Доналд Трамп бо наздикони президенти Русия Владимир Путин низ рушанӣ меандозад.

Дар ин пажуҳиш номи вазири тиҷорати Амрико Уилбур Росс зикр мешавад, ки бо ширкати Navigator Holdings-и бритониёӣ робитаи тиҷоратӣ дорад. Navigator Holdings дар навбати худ бо бузургтарин ширкати нафту кимиёии Русия "Сибур" ҳамкорӣ мекунад. Дар ин бора "Мавҷи Олмон" хабар медиҳад.

Телевизиони Би-би-сӣ хабар дод, ки лорд Майкл Эшкрофт, муовини пешини раиси Ҳизби консерваторони Бритониё талош кардааст, аз пардохти андоз саркашӣ кунад. Гап дар бораи даҳҳо миллион фунт стерлинг меравад.