Додгоҳи низомии СММ собиқ фармондеҳи сербҳои Босния Ратко Младичро аз рӯи 11 иттиҳоми ворида дар 10 маврид гунаҳгор дониста, ӯро барои содир кардани ҷиноят алайҳи башарият, аз ҷумла наслкушӣ гунаҳгор номид ва ба ҳукми ҳабси абад маҳкум намуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳукми бебозгашти Младич охирин мурофиаи Додгоҳи байналмилалии ҷинояти ҷангӣ аст, ки барои муҷозоти омилони ҷиноятҳои ҷангии солҳои 1990-уми Югославияи собиқ дар Гаага ҷараён дошт.

Гуфта мешавад, Младич, ки душманонаш ӯро "қассоби Босния" ном мебурданд, аз рӯи 11 банди иттиҳоми наслкушӣ, ҷиноят алайҳи инсоният ва ҷинояти ҷанг муттаҳам мешуд. Младич тамоми иттиҳомотро рад мекунад.

Ратко Младичи 75-сола дар заминаи куштори 8 ҳазор мусалмони босниягӣ - асосан мардону писарҳо, соли 1995 дар Сребренитса ба наслкушӣ муттаҳам шуд. Ин ваҳшонияте буд, ки аз замони Ҳолокост дар Аврупо намуна надошт.

Додраси мурофиа Алфонс Орие, ки дар ҷараёни қироати ҳукм бо сабаби доду фиғони Младич ӯро аз толор берун кард, гуфт, нафари муттаҳам ҷиноятҳои мудҳиш анҷом додааст. Ҷараёни муҳокима дар маҷмӯъ 530 рӯз идома кард.

Додситонҳо гуфтаанд, ки сарбозони Младич қабл аз ҷудо кардани мардҳо барои қатл, нирӯҳои посдори Созмони Милалро як тараф ронда, пиронсолону занону кӯдаконро ба автобусу мошинҳо бор карданд ва ба қаламравҳои таҳти назорати худ бурданд.

Мардону писарҳоро аз пушт парронданд ва ба гӯрҳои дастҷамъӣ партофтанд. Дар солҳои баъдӣ, ҷасадҳои ҳудудан 7 ҳазор қурбонӣ аз рӯи ДНК шиносоӣ шуд. Аммо бо гузашти даҳсолаҳо ҳазорҳо нафар ҳанӯз гумном боқӣ мемонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2007 трибунали Гаага кушторҳои дастҷамъиро, ки сербҳои Босния содир карданд, наслкушӣ эълон кард.