Иёлоти Муттаҳида шаҳри Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф карда, сафорати худро аз шаҳри Тел-Авив ба он мекӯчонад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми суҳбатҳои телефонии худ бо раҳбарони Исроил, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Миср ва Урдун иттилоъ додааст.

Интизор меравад, имрӯз Трамп дар ин бобат изҳороти расмӣ диҳад. Раҳбарони кишварҳои араб тасмими ӯро сахт интиқод кардаанд. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Федерика Могеринӣ гуфт, аз ҳама гуна иқдоме, ки дар оянда монеи имзои созишномаи сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиён мешаванд, бояд худдорӣ кард. Вазорати умури хориҷии Фаронса изҳор дошт, ки мақоми Байтулмуқаддас бояд дар натиҷаи гуфтугӯи Фаластин ва Исроил муайян гардад.

Бархе аз намояндагони амрикоӣ гуфтанд, Трамп бар ин аст, ки тасмими ахири ӯ ба пешрафти раванди сулҳ мусоидат мекунад. Вале онҳо таъкид карданд, ки ин қарор танҳо баъд аз изҳороти президенти ИМА расмӣ хоҳад шуд.

Интиқоли сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас ва эътирофи он ҳамчун пойтахти Исроил хилофи созишҳои байналмилалӣ аст. Бештари кишварҳои Ғарб Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намекунанд. Фаластиниҳо исрор доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти кишвари онҳо хоҳад шуд.