Зимни ҳамлаи мусаллаҳона (миномётӣ) ба пойгоҳи низомии авиатсионии Русия дар Хмеймими Сурия 7 ҳавопаймо нобуд карда шуд. Дар ин бора бо истинод ба сарчашмаҳои ифшонашудаи ҳарбӣ-дипломатӣ «Коммерсант» хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти нашрия, ҷангиён пойгоҳро мавриди тирпарронӣ қарор дода, 4 ҳавопаймои бомбафкани Су-24, ду ҳавопаймои қиркунандаи Су-35С ва ҳавопаймои боркаши Ан-72-ро нобуд кардаанд. Анбори аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ низ бо оташфишонӣ тарконида шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бар асари ин ҳамла беш аз 10 тан аз хизматчиёни ҳарбӣ осеб дидаанд, лекин маълум нест, ки онҳо низомиёни рус ҳастанд ё не. Маълумот аз ҷониби Вазорати мудофиа расман тасдиқ нашудааст.

Қаблан рӯзи 3 январ Вазорати мудофиаи Русия хабар дода буд, ки санаи 31 декабр зимни парвоз ба фурудгоҳи Хама дар Сурия чархболи МИ-24 ба садама дучор шуда, ҳарду сарнишини он ҳалок шуданд. Зикр гардида буд, ки чархбол мавриди ҳамла қарор нагирифта, бар асари носозии техникӣ суқут кардааст. Чаро дар бораи ин ҳодиса баъди 4 рӯз хабар доданд, саҳеҳ маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии Русия дар Хмеймим бисёр вақт мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор мегирад, лекин доир ба талафоте дар ин робита хабар дода намешуд. Рӯзи 28 декабр маълум шуд, ки низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ мушакҳои «Град»-ро, ки ба сӯи пойгоҳ партоб шуда буданд, муваффақона нобуд кардааст.

Аввали моҳи декабри соли 2017 президенти Русия Владимир Путин эълон дошт, ки қисмати зиёди нерӯҳои ҳарбии Русия аз Сурия бароварда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи авиатсионӣ дар Хмеймим ва пойгоҳи ҳарбии баҳрии Русия дар Тартус доимо дар Сурия ҳузур хоҳанд дошт.