Вазорати мудофиаи Русия нобуд шудани 7 ҳавопайморо дар пойгоҳи авиатсионии Хмеймим дар Сурия рад кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

Дар маълумоти Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки маълумоти «Коммерсант» дар бораи гӯё «дар ҳақиқат нобуд шудани 7 ҳавопаймои низомии Русия дар пойгоҳи авиатсионии Хмеймим» хабари бардурӯғ аст.

Таъкид мешавад, ки пойгоҳи низомии авиатсионии Русия дар Сурия комилан дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор дошта, «вазифаҳои барояш таъиншударо пурра иҷро мекунад».

Ба ҳар ҳол, низомиён қайд кардаанд, ки санаи 31 декабр пойгоҳ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, бар асари он ду хизматчии ҳарбии Русия ҳалок шудаанд.