Санаи 15 март дар шабакаи телевизионии «Россия 1» дар барномаи Владимир Соловёв мубоҳисаҳои хотимавии номзадҳо ба мансаби президенти Русия доир гардиданд.

Вақте ки номзад Максим Сурайкин («Коммунистони Русия») Лидия Филкинаро ба толор овард, номзад аз Ҳизби коммунисти Русия Павел Грудинин студияро тарк карда, ӯро дар толор журналист Максим Шевченко иваз намуд, хабар медиҳад Медуза.

Ровии барнома аз Сурайкин дархост намуд, ки студияро тарк кунад. Пеш аз тарки студия Сурайкин бо журналист Шевченко ба муноқиша пардохта, таҳдид кард, ки «ҷоғи ӯро мешиканад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.