Дар пойтахти Украина - шаҳри Киев рӯзноманигори рус Аркадий Бабченкоро паронданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши украинии Радиои Озодӣ, Вазорати умури дохилии Украина гуфтааст, марди 41-солае, ки дар яке аз телевизионҳо кор мекард аз захми тир ба ҳалокат расид. Вазорат ҳарчанд ному насаби ҳалокшударо ифшо намекунад, вале Бабченко 41 сол дошта, вақтҳои охир дар телевизиони АТР ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт.

Дар бораи қатли Бабченко нахустин шуда рӯзноманигор Айдер Муҷдабоев дар Фейсбук хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзноманигори русро дар хонааш аз пушт парондаанд. Ҷасади рӯзноманигорро ҳамсараш пайдо карда, ӯ дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Бабченко Русияро охирҳои соли гузашта тарк кард. Ба гуфтаи рӯзноманигор, ба ӯ хабар додаанд, ки беҳтар аст, чанд муддат дар хориҷ аз Русия зиндагӣ кунад. Бабченко он замон дақиқ нагуфт, ки барои чӣ кишварро тарк кард. Танҳо гуфт, ин масъала ба "озодии ӯ" рабт дорад.

Аркадий Бабченко дар ҳар ду ҷанги чечен иштирок кардааст. Баъд аз хидмати ҳарбӣ корро ба ҳайси хабарнигори низомии "Московский комсомолетс" оғоз карда, як муддат хабарнигори "Забитый полк" низ буд. Ҳамчунин бо бисёре аз расонаҳо, аз ҷумла "Новая газета" ҳамкорӣ кардааст.