Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти ҳамлаи шаҳри Лежи Белгияро ба зимма гирифт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи пайгири фаъолияти тундравон дар Интернет SITE, рӯзи сешанбе дар маркази Леж марди мусаллаҳе се нафарро паронд. Ду тани ҳалокшудаҳо занон - кормандони пулисанд.

Гуфта мешавад, ду корманди пулиси дигар захмӣ шуданд. Худи ҳамлагар маҳв карда шуд. Ӯ пеш аз ин ҳамла як марди 30-солаи дигарро низ парондааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҳамлагар Бенжамен Эрмани 36-сола ном бурда мешавад. Ӯ пештар бо ҷурми "ҷинояткории сабук" суд шуда буд. Пулис мегӯяд, ҳамлагар дар зиндон зери таъсири ақидаҳои тундгароӣ қарор гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.