Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёевро бо 27-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Макрон ҳамчунин гуфтааст, сафари қарибулвуқуи Мирзиёевро барои баррасии тақвияти муносибатҳои ду кишвар дар Париж мунтазир хоҳад буд.
"Аз наздикшавии мудаввоми Фаронсаву Ӯзбекистон, ки аслан, солҳост, бо ҳам шариканд, истиқбол менамоям. Дар баробари афзоиши табодули мол ва густариши ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвар, умедворем, дар соли равон муколамаи сиёсии мо боз ҳам тақвият хоҳад ёфт. Мулоқот бо шуморо дар ҷараёни сафари расмиатон ба Париж бо шавқ интизорам", - омадааст дар паёми табрикии президенти Фаронса.
Макрон зикр кардааст, ки сафари Мирзиёев ба Фаронса имконият медиҳад, ки роҳҳои тақвият ва густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвар баррасӣ шаванд.
Ёдрас мешавад, ки охирҳои моҳи август расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд, ки Мирзиёев моҳи октябри соли равон ба Фаронса хоҳад рафт. Барномаи ин сафар дар сатҳи ҳукумат таҳия ва қабул шудааст.
Моҳи июли соли равон дар шаҳри Париж нахустин хонаи савдои Ӯзбекистон дар Фаронса боз шуд. Вазифаи асосии он пешбурди содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Фаронса ва кишварҳои дигари Аврупо аст. Ҳамчунин Фаронса маҳдудияти фитосанитарии фурӯши харбуза ва анори Ӯзбекистонро бекор кард.
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста