Дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод. Қрим соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шудааст. Хабаргузориҳои давлатӣ бо такя ба Кумитаи миллии зиддитеррористӣ гуфтанд, ки таркиш дар натиҷаи инфиҷори маводи тарканда рух дод.

Дар хабарҳои аввал сабаби рӯй додани ҳодисаро таркиши балони газ гуфтанд, вале сухангӯи ширкати газ дафъатан чунин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ созишномае дар бораи таъмини гази табиӣ ба коллеҷ вуҷуд надорад.

Сергей Аксенов, роҳбари Қрими ғасбшуда хабар дод, донишҷӯе ки ин ҳамларо ташкил кард, аз қабл омодагӣ дидааст. Вай моҳи октябр иҷозаи доштани силоҳи шикориро пайдо кардааст. Силоҳе ки вай ҳамроҳ дошт, қонунӣ буд.

Хабаргузориҳо менависанд, бино бар фарзияҳои пешакӣ, сабаби ин ҳамла низоъи донишҷӯ бо омӯзгорон аст.

Ин ҳамларо донишҷӯи коллеҷи мазкур Владислав Росляков ташкил кард. Вай баъди ҳамла худкушӣ кард. Кумитаи тафтишотии Русия бо моддаи куштори 2 ва ё зиёда одамон парванда боз кардааст. Пештар аз ин ҳамин кумита бо моддаи теракт парванда боз карда буд, аммо каме баъдтар онро тағйир дод. Дар Қрими ғасбшуда мотами серӯза эълон шудааст.