Музокирот оид ба Афғонистон дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав санаи 9 ноябр таъин шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ба ин чорабинӣ намояндагони ҳукуматҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА даъват шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифтааст, ки ба ин чорабинӣ ҳайати Шӯрои олии сулҳи ин кишварро фиристад. Дар маросими ифтитоҳи музкирот суханронии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар назар аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар ин вохӯрӣ бори нахуст намояндагони ҳаракати фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Толибон” низ ширкат меварзанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Eadaily.com, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг айни замон бо сафар дар Афғонистон қарор дошта, дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Афғонистон, аъзои ҳукумат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нақша гирифта шудаст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои дипломатӣ, зимни вохӯриҳои Столтенберг бо ҳукуматдорони Афғонистон ба масоили тавсеъаи ҳузури мушовирон ва мураббиёни НАТО, гуфтушунид бо толибон ва маблағгузорӣ ба артиши Афғонистон, ки солона беш аз 4 млрд. долларро ташкил медиҳад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи Бахши хабарии Осиёи Мрказӣ бо истинод ба Reuters, толибони Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар музокироти бисёрҷонибаи сулҳ дар Маскав эълон карда,аммо намояндаи ин ҷумбиши ҷангӣ мавҷудияти иҷозаи расмӣ барои сафар ба Русияро рад кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.