Се манбаи наздик ба дарбори Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ба дунболи интиқодҳои байналмилалӣ аз куштори Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунаққиди ҳукумати он кишвар, шуморе аз аъзои хонадони салтанатӣ талош доранд, то монеи подшоҳии валиаҳд Муҳаммад бин Салмон шаванд. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Рейтерз" иттилоъ медиҳад.

Ин манобеъ изҳор доштаанд, ки даҳҳо тан аз аъзои бонуфузи хонадони салтанатии Оли Сауд дар пайи тағйир ва ҷонишинии Малик Салмони 82-сола ҳастанд. Аммо то вақте, ки ӯ дар қайди ҳаёт аст, даст ба ин кор нахоҳанд зад. Онҳо гуфтаанд, ки гумон намекунанд, Малик Салмон писари маҳбуби худ Муҳаммад бин Салмонро аз мақом барканор кунад.

Ба гуфтаи яке аз манобеъ, аъзои хонаводаи салтанатӣ ҷойнишинии эҳтимолии Аҳмад бин Абдулазиз, бародари хурдии Малик Салмон ва амаки Муҳаммад бин Салмонро баррасӣ доранд. Аҳмад бин Абдулазиз танҳо бародари Малик Салмон аст, ки аз ҳимояти аъзои хонадони салтанатӣ, нерӯҳои амниятӣ ва кишварҳои ғарбӣ бархӯрдор аст.

Пештар нашрияи "Вашингтон пост" бо истинод ба як манбаи худ гуфт, Созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA ба хулосае расидааст, ки дастури қатли Хошуқҷиро Муҳаммад бин Салмон содир кардааст. Масъулони CIA пас аз омӯзиши манобеъ, аз ҷумла суҳбати телефонии сафири Арабистони Саудӣ дар ИМА ва бародари валиаҳд Холид бин Салмон бо Хошуқҷӣ ба ин хулоса омадаанд.

Вазири дифои Туркия Ҳулусӣ Акар гуфт, кормандони консулгарии Арабистони Саудӣ эҳтимол дорад, ҷасади рӯзноманигорро пора-пора карда, дар ҷомадонҳо бо истифода аз "мақоми дипломатии худ" ба берун бурда бошанд.

Рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ солҳои ахир аз сиёсати Арабистони Саудӣ сахт интиқод мекард. Ӯ ибтидои моҳи октябр, пас аз ворид шудан ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул бедарак шуд. Риёз чанд ҳафта баъд эътироф кард, ки рӯзноманигорро куштанд.

Додситони Арабистони Саудӣ 15 ноябр эълом кард, ки дар робита ба куштори рӯзноманигор зидди 11 кас айб эълом шуда, барои 5 тани онҳо ҳабси якумрӣ талаб хоҳад кард. Худи он рӯз ИМА ба далели куштори Хошуқҷӣ зидди 17 шаҳрванди Арабистони Саудӣ таҳрим ҷорӣ кард. Дар миёни таҳримшудаҳо консули генералии Арабистони Саудӣ дар Истамбул, полковники иктишофии Риёз ва мушовири пешини валиаҳд Муҳаммад бин Салмон низ ҳастанд. Риёз даст доштани раҳбарияти кишвар дар ин кушторро рад мекунад.