Ширкати Facebook садҳо саҳифа ва гурӯҳеро дар Facebook ва Instagram баст, ки дар ду амалиёти хабарпарокании дурӯғ дар фазои шӯравии пешин шомил буданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Наталиэл Глейхер, як масъули Facebook дар ин робита гуфтааст: “Ду амалиёте, ки мо ошкор кардем, дар Русия пайдо шуданд: яке аз онҳо дар маҷмуъ якбора дар чанд кишвар роҳандозӣ шуд, вале дувумӣ танҳо ба Украина равона гардида буд”.

Гуфта мешавад, ҳеч иртиботи мустақиме миёни ин ду амалиёт ошкор нашуда, аммо "дар онҳо тактикаи яксон - таъсиси шабакавии саҳифаҳо ба хотири пинҳон кардани пайдоиш ва ҳадафашон" дида мешавад.

Глейхер гуфтааст, шабакаи иборат аз 364 саҳифаву гурӯҳ ба кормандони хабаргузории давлатии Sputnik рабт дошт. Кормандони бахши арманистонии хабаргузории мазкур гуфтаанд, саҳифаи русиашон дар Facebook баста шудааст.