Расми "Ай-Петрӣ. Қрим"-и рассом Архип Куинҷиро аз нигористони Третякови шаҳри Москва дуздиданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, хабари дуздида шудани расмро, ки нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар Вазорати фарҳанг ва Вазорати умури дохилии Русия тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, расмро ҳангоми намоишгоҳ дар ҳузури тамошобинон дуздидаанд. Шахси номаълуме дар либоси корманди осорхона расми Куинҷӣ "Ай-Петрӣ. Қрим"-ро гирифта, ғайб задааст.

Зикр мегардад, ки дар нигористони Третяков аз моҳи октябр ба ин сӯ намоишгоҳи Архип Куинҷӣ, рассоми нимаи дувуми асри XIX ва аввали асри XX идома дорад. Расми "Ай-Петрӣ" ба Осорхонаи Петербурги Русия тааллуқ дошт. Арзиши бимаии он 12 миллион рубл аст. Дар осорхона гуфтанд, ки расмро бима (суғурта) карда буданд.

Дар Вазорати фарҳанги Русия гуфтаанд, ки номи расмро зуд ба рӯйхати дуздидашудаҳо ворид мекунанд, то аз интиқоли он ба хориҷ пешгирӣ шавад.