ИМА зидди раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳрим эълом мекунад. Дар ин бора президенти Амрико Доналд Трамп хабар додааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Трамп гуфтааст, таҳримҳо дар посух ба амалҳои таҷовузкоронаи Эрон, аз ҷумла сарнагун сохтани ҳамопаймои бесарнишини амрикоӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ҷониби ИМА мегӯяд, Эрон ҳавопаймои низомии бесарнишини онро дар осмони обҳои байналмилалӣ сарнагун сохт.

Президенти ИМА изҳор намудааст, ки таҳримҳо ба ёварони Хоманаӣ низ дахл хоҳанд кард. Ин таҳримҳо бояд дастрасии раҳбари маънавии Эрон ва ёваронашро ба манбаъҳои муҳими молӣ маҳдуд кунад. Вазири молияи ИМА Стивен Мнучин гуфт, таҳримҳо ҳабси "миллиардҳо доллар" дороии Эронро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои Мнучин, Вашингтон ҳамчунин таҳримҳоеро зидди вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф омода дорад.

Президенти ИМА изҳор дошт, ки кишвараш барои ҷанг бо Эрон талош надорад, вале иҷозат ҳам нахоҳад дод, ки он соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Ҳамчунин талош мекунад, то Теҳрон сармоягузории гуруҳҳои террористиро қатъ кунад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео имрӯз аз Арабистони Саудӣ ва АМА боздид хоҳад кард. Ташаннуҷи авзоъ атрофи Эрон мавзуи меҳварии гуфтугӯҳо хоҳад буд. ИМА, Арабистони Саудӣ, Бритониё ва АМА бо нашри як изҳороти муштарак Эронро ба худдорӣ аз иқдомҳое даъват карданд, ки суботи байналмилалиро ба ҳам мезанад. ИМА ва ҳампаймононаш Эронро ба сармоягузории гуруҳи ҳусиҳо дар Яман ва ташкили таркиши ду киштӣ дар халиҷи Умон айбдор мекунанд.