ИМА метавонад дар муддати 10 рӯз Афғонистонро ба хок яксон кунад, изҳор дошт президени ИМА Доналд Трамп зимни вохӯрӣ бо сарвазири Покистон Имрон Хон. Ягона чизе, ки президентро аз ин амал бозмедорад, хоҳиш надоштан ба куштани 10 млн. нафар одамон аст, менвисад Коммерсант.

“Агар мо хоҳиши оғози ҷанг дар Афғонистон ва пирӯзиро мехостем, ман баъди як ҳафта дар он ғолиб мешудам. Фақат ман 10 млн. нафар одамонро куштанӣ нестам”, - иброз доштааст Трамп.

Ба гуфтаи президенти ИМА, ӯ баровардани нерҳои ҳарбии амрикоӣ ва анҷоми ихтилоф дар минтақаро, ки беш аз 20 сол давом дорад, аз ҷанг афзалтар медонад.

Қаблан Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки пас аз хурӯҷи воҳиди низомии амрикоӣ аз қаламрави кишвар корпуси иктишофиро дар Афғонистон боқӣ мегузорад. Ба қавли президент, аз 16 ҳазор низомиён, ки чанде қабл дар кишвар ҳузур доштанд, айни замон он ҷо наздики 9 ҳазор нафар боқӣ мондаанд.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли 2019 ИМА ва ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ манъ дар Русия) доир ба хурӯҷи нерӯҳои низомии ИМА аз Афғонистон лоиҳаи қарордод таҳия намуданд. Қаблан Сенати ИМА дар бораи анҷоми ҷанг дар Афғонистон лоиҳаи қонун омода кард. Агар лоиҳаи қонун қабул шавад, пулҳои аз ҷанг сарфашударо касоне мегиранд, ки “бо терроризм мубориза мебаранд”. Воситаҳо ҳамчунин барои сохтори давлатӣ дар Афғонистон ва эҳтиёҷоти ИМА низ истифода мешаванд. Санаи баровардани нерӯҳои ҳарбӣ алҳол номаълум аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.