Ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон, генерал Абдул-Рашид Дӯстум изҳор доштааст, ки агар ҳукумат ва ИМА ба ӯ чунин имкон диҳанд, тӯли 6 моҳ ҷунбиши “Толибон”-ро дар шимоли кишвар шикаст медиҳад.

Тавре Хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews иттилоъ дод, дар ин бора ӯ зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул ибрози назар кардааст.

Вай дар хусуси бо иштироки амрикоиҳо, нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва низомиёни НАТО торумор кардани ҷангиёни Толибон дар шимоли кишвар як нақша тарҳрезӣ кардааст.

“Ман аз раисҷумҳур, Шӯрои миллии амният, ИМА, НАТО ва дӯстони байнулмилалӣн дархост кардам, ки биёянду нақшаи маро баррасӣ ва иҷро кунанд. Барои ин на нерӯҳои хушкигард талаб карда мешавад, на захоири дигар, - гуфтааст ӯ. - Баҳри татбиқи нақшаи мазкур шаш моҳ вақт лозим аст”.

Ба қавли Дӯстум, дар гуфтушунидҳо бо намояндагони ҷунбиши “Толибон” ИМА дучори бунбаст шудааст.

“Ба мисли соли 2001 барои раҳоӣ аз ин бунбаст ба ИМА кумак мекунем, то ки онҳо бо сари баланд тарки Афғонистон карда тавонанд”, - гуфтааст Дӯстум.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.