Дар вилояти Парвон дар маркази Афғонистон рӯзи 28-уми сентябр зимни интихоботи раиҷумҳур ҷангиёни ҳаракати “Толибон” 9 нафар кормандони Комиссияи мустақили интихоботӣ ва 17 нафар нозиронро рабуданд. Дар ин бора хабаргузории Pajhwok иттилоъ медиҳад.

Роҳбари Комиссияи мустақили интихоботии вилоят Абдул Қаҳҳор Ваҳҳоб Сафӣ (Abdul Qahar Wahab Safi) ба шабакаи телевизиони Ariana News гуфтааст, 15 кас – ҳафт нафар кормандони комиссияи интихоботӣ, 7 нафар нозирон ва як узви комиссияи арзу шикоят дар бораи қонуншиканиҳо дар интихобот рабуда шудаанд.

Намояндаи расмии волии минтақа Воҳид Шаҳкор (Wahida Shahkar) изҳор доштааст, ки ҳашт кормандро ҳангоми аз қитъаи интихоботӣ ба хона баргаштан рабудаанд. Ӯ илова кардааст, ки пирони минтақа барои озодии онҳо миёнаравӣ доранд.

Ғайр аз ин, мувофиқи маълумоти тасдиқнашуда, дар Кобул ҷангиён боз ҳафт корманди комиссияи интихоботиро рабудаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи интихобот дар саросари кишвар 113 ҳамла ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо, тибқи маълумоти саҳеҳшуда, дастикам 32 нафар ҳалок ва 123 кас ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, масъулияти 64 ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтаанд. Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ва амалиёти заминӣ дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу шарқии Афғонистон зиёда аз 70 нафар ҷангиёни ҳаракати “Толибон” кушта ва захмӣ шудаанд.

Зикр мешавад, ки ҳамлаҳо бештар дар вилояти шарқии Нангарҳор сурат пазируфта, дар бораи таркиш дар қитъаи интихоботӣ дар Қандаҳор хабар дода шуда буд, ки бар асари он дастикам 15 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Толибон дар вилояти шимолии Қундуз тирпаронӣ карда, дар ҷараёни он як нозир кушта шудааст. Қобили зикр аст, ки пеш аз интихобот Толибон аз мардум даъват карда буданд, ки рӯзи интихобот аз хонаҳояшон берун нараванд, вагарна онҳо ва дастандаркорони ин “ҷараёни қалбакӣ”-ро мавриди ҳамла қарор медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.