Собиқ раиси шаҳри Ню-Йорк миллиардер Майкл Блумберг эълом дошт, ки нияти муборизаро барои расидан ба мансаби президентӣ аз Ҳизби демократ дорад.

“Барои расидан ба мансаби президентӣ талош меварзам, то Доналд Трампро мағлуб карда, Амрикоро дубора эҳё созам”, - навиштааст Блумберг дар Твиттер. Дар ин бора хабаргузории Медуза иттилоъ медиҳад.

“Ӯ (Трамп) таҷассумгари хатари мавҷудияти кишвар ва арзишҳои мост. Агар ӯ боз як муҳлат сари мансаб монад, мо дигар ҳеҷ гоҳ аз зиён раҳо намеёбем. Мо бояд дар интихобот пирӯз шуда, ба эҳёи Амрико оғоз кунем”, - қайд мешавад дар изҳороти Блумберг.

Номзад аз хайру эҳсон даст кашида, иброз доштааст, ки худаш пурра маъракаи интихоботиашро маблағгузорӣ мекунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои CNN, Блумберг қаблан бар ин назар буд, ки довталабон аз демократҳо хеле зиёданд ва аз ин рӯ, дар интихобот иштирок намекард. Акнун мутмаин аст, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо Трампро мағлуб карда наметавонад. Бинобар ин, номзадии худро пешбарӣ кардааст.

Мувофиқи маълумоти назаранҷиҳои охир, байни довталабон ба номзадӣ аз Ҳизби демократ собиқ ноиби президент Ҷо Байден ва сенатор Берни Сандерс пешсафанд. Сенатор Элизабет Уоррен дар мавқеи сеюм қарор дорад.

Овоздиҳӣ дар аёлатҳо оид ба пешбарии номзад аз демократҳо моҳи феврали соли 2020 оғоз мешавад. Анҷумани ҳизб, ки дар он номзади ниҳоӣ муайян мегардад, 13-уми июл доир хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.