Дар шаҳри Порис рӯзи душанбе ҳамоиши "шакли нормандӣ" мулоқоти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина баргузор шуд. Мавзуи меҳварии вохӯрӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ дар шарқи Украина буд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гуфтугӯи раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина то нимашаб идома ёфта, дар охир нишасти хабарии муштараки онҳо баргузор шуд. Ҷонибҳо мулоқоти алоҳида низ анҷом доданд. Раҳбарони Русия ва Украина - Владимир Путин ва Владимир Зеленский бори нахуст мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо иҷрои Созишномаи Минск дар бораи ҳалли низои Донбассро баррасӣ карда, ба созиш расиданд, ки иҷрои низоми оташбас бояд то охири соли 2019 таъмин карда шавад.

Иштирокдорони вохӯрӣ ҳамчунин табодули ҳамаи боздоштшудаҳоро то охири соли равон баҳс карданд. Зеленский гуфт, барои ин кор бояд рӯйхати ҳамаи табодулшавандаҳоро тартиб дод.

Раҳбарони 4 кишвар розӣ шуданд, ки шакли баргузории интихоботҳои маҳаллиро дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон чаҳор моҳ баъд дар мулоқоти ояндаи худ баррасӣ мекунанд. "Мо барои ҳалли низоъҳои шадид ирода дорем", - гуфт садри аъзами Олмон Ангела Меркел.

Дар охири нишаст ҷонибҳои эъломияи муштаракеро имзо карданд, ки пойбандияшонро ба созишномаи Минск дар асоси гуфтугӯҳои оянда таъйид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.