Дар маросими видоъ бо Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ мушовири роҳбари олии Эрон оид ба умури байнулмилалӣ Алӣ Акбар Вилоятӣ изҳор доштааст, ки агар Амрико нерӯҳои худро аз Шарқи Наздик хориҷ накунад, барои Вашингтон “Ветнами дуюм” барпо мешавад.

Тавре хабаргузории РБК менависад, ӯ гуфтааст, генерал Сулаймонӣ “шахси калидии мо дар шарикии дуҷониба бо Русия маҳсуб меёфт ва нисбат ба Владимир Путин бо эҳтироми хос муносибат мекард”.

“ИМА бо куштани Сулаймонӣ ба аблаҳии зиёд роҳ дода, акнун агар нерӯҳои низомиашро аз минтақаи Ховари Миёна хориҷ накунад, онро “Ветнами дуюм” интизор хоҳад буд”, - таъкид доштааст сиёсатмадори эронӣ.

Рӯзи душанбе, 6-уми январ дар Теҳрон маросими видоъ бо фармондеҳ Қосим Сулаймонӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Амрико бо фармони президенти ИМА Доналд Трамп ҳалок шуд. Дар ин ҳамла инчунин пешвои ниманизомиёни Ироқ Абӯ Маҳд-ал-Муҳандис ва дар маҷмӯъ 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

Abedin Taherkenareh / EPA

Дар Вазорати мудофиаи ИМА амали худро ба худмуҳофизатии зарурӣ нисбат доданд, зеро Сулаймонӣ “ба дипломатҳо ва низомиёни амрикоии муқими Ироқ таҳдид мекард”. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Сулаймонӣ ба амрикоиҳо дар Ироқ хатар эҷод мекард ва ӯро ба даст доштан дар ҳамлаи рӯзи 31-уми декабр ба сафорати ИМА дар Бағдод айбдор кард. Ба гуфтаи Трамп, Сулаймонӣ тахрибкори рақами 1 дар ҷаҳон буд.

Дар Эрон зарбаҳои ҳавоии ИМА-ро терроризм унвон карда, ба амалҳои ҷавобӣ таҳдид карданд. Роҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Хоманаӣ барои қатли Сулаймонӣ “интиқоми сахт”-ро ваъда дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.