Хабаргузории CentralAsia бо истинод ба ВАО-и Украина менависад, дар ҳавопаймои ба садама дучоршуда  2 украинӣ ва наздики 13 сарнишин аз ин кишвар парвоз доштанд.

Мусофирони дигари Boeing 737:

• шаҳрвандони Эрон – 71 нафар

• шаҳрвандони Канада –73 нафар

• шаҳрвандони Олмон – 4 нафар

• шаҳрвандони Британияи Кабир – 3 нафар

• шаҳрвандони Шветсия – 8 нафар

• шаҳрвандони Афғонистон – 6 нафар.

Рӯзи 8-уми январ ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон дучори садама шуд. Reuters хабар медиҳад, ки ин ҳавопаймои Boeing 737-и “Хатҳои парвози байнулмилалии Украина” (Международные авиалинии Украины) буд. Тибқи маълумоти гуногун, дар ҳавопаймо аз 167 то 180 нафар парвоз доштанд. Ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд.

Rohhollah Vadati / ISNA / AFP / Scanpix / LETA

Тавре Медуза менависад, ҳукуматдорони Эрон сабаби садамаи ҳавопайморо оташ гирифтани муҳаррик унвон карданд.

Хабаргузории эронии IRNA бо истинод ба Вазорати роҳҳо ва рушди шаҳрҳои Эрон хабар медиҳад, ки сабаби суқути ҳавопаймои “Хатҳои парвози байнулмилалии Украина” оташ гирифтани муҳаррик мебошад.

Дар Вазорат маълумотро дар бораи ба ҳавопаймо бархӯрдани мушак рад кардаанд. “Агар ба ҳавопаймо мушак бармехӯрд, он дар ҳаво метаркид”, - изҳор доштааст намояндаи Вазорат Қосим Низомӣ.

Шаби садамаи ҳавопаймо Эрон ба ду пойгоҳи низомии ИМА дар Ироқ зарбаи мушакӣ анҷом дод. Ин посух ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ унвон мешавад. Нашрияи урдунии Al-Hadath иттилоъ дод, ки яке аз мушакҳо метавонист ба ҳавопаймои украинӣ бархӯрад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.