Пойгоҳи низомии Ат-Тоҷӣ дар шимоли Бағдод, ки аз ҷониби низомиёни ИМА истифода мешавад, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, баъдан ин маълумот аз ҷониби артиши Ироқ тасдиқ гардидааст.

Зарбаи мушакӣ рӯзи сешанбе, 14-уми январ зада шудааст. Тибқи маълумоти шабакаҳои телевизионӣ, дар зарба 5 мушак партоб шуда, дар бораи фавтидагону осебдидагон аз ин зарба маълумот дода намешавад.

Низомиёни Ироқ хабар додаанд, ки зарба аз низоми оташфишонии шилликӣ (залповый) сурат пазируфтааст. То ҳол касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 12-уми январ аз ҷониби шахсони номаълум ба пойгоҳи низомии авиатсионии ИМА Балад, ки дар шимоли шаҳри Бағдод ҷойгир аст, тирпарронӣ шуда, дар натиҷа 4 нафар осеб дидаанд, лекин байни онҳо сарбозони ИМА набудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.