Шумори фавтидагон аз коронавирус дар саросари ҷаҳон ба ҳолати 11-уми апрел 102,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ теъдоди сироятёфтагон дар ҷаҳон ба 1 млн 699 ҳазор нафар расид. Дар ИМА беш аз ним миллион, Испания – 158,2 ҳазор, Италия – 147,5 ҳазор ва Фаронса – 124,8 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тавре Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар медиҳад, давоми як шабонарӯз дар ин ҷо боз 28 ҳолати сироятёбӣ: шаҳрҳои Нурсултон – 1, Алмато – 5, вилоятҳои Атирау – 11 ва Қизилорда – 11 ҳолат сабт шудааст. То имрӯз дар Қазоқистон ҳамагӣ 840 ҳолати сабти коронавирус тасдиқ шудааст.

Дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагони коронавирус 669 нафарро ташкил медиҳад. То ин дам 42 нафар аз беморон шифо ёфта, 3 кас фавтиданд.

Шабонарӯзи гузашта дар Чин 46 ҳолати нави сирояти Covid-19 ба қайд гирифта шуд: 42 ҳолат – воридшуда аз дигар ҷой, 4 ҳолат – дохилӣ (3 дар вилояти Гуандун ва 1 ҳолат дар вилояти Хэйлусян). Давоми шабонарӯз 3 нафар аз коронавирус фавтиданд. Тибқи маълумоти охир, дар Чин ба сурати умум 81,9 ҳазор нафар сироят ёфта, 3,3 ҳазор кас фавтиданд.

Дар ИМА тӯли шабонарӯзи гузашта 2108 нафар аз коронавируси COVID-19 фавтида, шумори беморон ба ним миллион нафар наздик шуд. Тавре Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс хабар медиҳад, 28,7 ҳазор нафар аз беморӣ комилан шифо ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.