Ба рӯзи 21-уми апрел шумори қурбониёни коронавирус дар саросари дунё беш аз 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди бештари фавт дар ИМА – 42 ҳазор нафар, Италия – 24,1 ҳазор, Испания – 20,8 ҳазор, Фаронса – 20,2 ҳазор ва Бритониёи Кабир – 16,5 ҳазор нафар сабт шудааст.

Шумори умумии сироятёфтагон 2,4 млн нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 700 ҳазор нафари онҳо дар ИМА мебошанд.

Аз оғози хуруҷи беморӣ то имрӯз, 21-уми апрел дар Русия 47121 нафар сироят ёфтаанд. Аз ин теъдод 3446 нафар сиҳаиӯт шуда, 405 кас фавтиданд.

Дар Ӯзбекистон аз оғози хуруҷи беморӣ то имрӯз, 21-уми апрел 1657 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 5 нафар фавтиданд ва 261 кас шифо ёфтанд.

То имрӯз дар Қирғизистон 590 кас мубталои коронавирус шуда, 216 кас шифо ёфтанд ва 7 нафар фавтиданд.

Дар нимаи аввали рӯзи 21-уми апрел шумори сироятёфтагони коронавирус дар Қазоқистон 1949 нафар аст. Аз ин теъдод 19 кас фавтиданд ва 452 нафар сиҳат шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.