Давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия 6198 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 47 нафар беморон фавтидаанд. Дар ин бора ситоди фаврии мубориза бо коронавирус хабар медиҳад.

Ба ин тариқ, аз рӯйи шумори сироятёфтагони коронавирус Русия аз Чин пеш гузашт. Шумории умумии сироятёфтагон дар Русия ба 87 ҳазору 174 нафар расида, 794 кас фавтид ва 7 ҳазору 346 нафар шифо ёфтанд.

Дар Чин 83,9 ҳазор нафар сироят ёфта, 451 нафар фавтиданд.

То субҳи рӯзи 27-уми апрел шумори сироятёфтагони коронавирус дар Ӯзбекистон 1887 нафарро ташкил медод.

Дар Қазоқистон шумори сироятёфтагон 63 нафар афзуда, ба 2780 нафар расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.