Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба коронавирус мубтало шудааст. Вазифаҳои ӯро муваққатан муовини сарвазири Русия Андрей Белоусов иҷро мекунад. Дар ин бора худи Мишустин рӯзи панҷшанбе иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарвазири Русия гуфтааст, гӯшанишиниро ихтиёр мекунад, вале бо аъзои ҳукумат дар иртибот хоҳад буд. Вай аз шаҳрвандони кишвараш даъват кардааст, ки маҳдудиятҳои ҷориро ҷиддӣ бигиранд.

Гуфта мешавад, дар як рӯзи ахир дар Русия беш аз ҳафт ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 101 кас ҷон бохтааст. Шумори умумии мубталоён ба 106 498 расидааст. Аз ин миён 1073 кас ҷон бохта, 11 619 тан шифо ёфтаанд.

Зикр мегардад, ки ҳолатҳои мубталошавӣ ба вируси нав аз ҳама бештар дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шудааст. Дар як рӯз дар пойтахти Русия 3093 кас ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.