Достони “Интиҳорӣ”-и Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ нависанда ва дипломати тоҷики Афғонистон, ки моҳи январи имсол дар Душанбе нашру рӯнамоӣ шуда буд, ба инглисӣ тарҷумаву нашр шудааст.

Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ аз Кобул ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар назар аст дар рӯзҳои наздик тарҷумаи паштуи ин асар низ халос мешавад ва дар ихтиёр хонандаҳои паштузабон қарор мегирад.

Достони "Интиҳорӣ" аз сарнавишти талхи як навҷавон нақл мекунад, ки дар як минтақаи таҳти идораи Толибон дар вилояти Ғазнӣ воқеъ дар Афғонистон марказӣ, зиндагӣ мекунад. Дар таътили зимистона волидон аз тарси сарбозгирии Толибон ва ҳам ба хотири таълимоти динӣ гирифтан, ӯро ба мадрасае берун аз деҳ мефиристанд. Аммо дар ин ба ном мадраса, баръакси интизороти падару модар, Ибодуллоҳ - қаҳрамони асар, ба дасти гурӯҳе меафтад, ки ӯро таҷовуз ва барои амалиёти интиҳорӣ омода мекунанд. Ӯро ба Покистон мебаранд ва пас аз мағзшӯиву дарсҳои ифротӣ ва фиребу найранг, барои анҷоми инфиҷор дар Кобул мувофиқат мекунад ва ҳамроҳ бо худ чандин нафарро ба қатл мерасонад.

Куҳдоманӣ мегӯяд, “ҳадаф аз таълифи ин китоб, ҳушдор ба хонаводаҳо ва ҷавононе аст, ки бо умеди омӯзиши аҳкому фароизи динӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ меафтанд ва ба марги худ розӣ мешаванд”.

Муаллифи асар мегӯяд паёмаш дар ин китоб ба хонанда ва мардуми Афғонистону минтақаи мо ин аст, ки муроқиби дарсу таълими фарзандонашон бошанд, ки мабодо дар доми шабакаҳои террористӣ ва даҳшатафкан биафтанд.

Аҳмад Фаҳими Куҳдоманӣ, нависанда, дипломат ва яке аз фаъолони сиёсии Афғонистон аст, ки то миёнаҳои имсол дар Сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе масъули ташрифот буд ва пас аз хатми маъмурияташ ба Кобул баргашт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.