Дар Қутби шимол гармшавии босуръати рекордӣ ба қайд гирифта шуд. Ин рекордро Раёсати миллии уқёнусшиносӣ ва атмосфераи ИМА сабт намуд, қайд мешавад дар гузориши Arctic Report Card 2020.

Соли ҷорӣ Қутби шимол нисбат ба дигар қисматҳои сайёра ду баробар бештар гарм шуд. Рекорди пешинаи гармшавӣ соли 2012 сабт шуда буд.

Олимон пешгӯйӣ мекунанд, ки дар давраи аз соли 2040 то соли 2060 дар Арктика яхи баҳрӣ метавонад боқи намонад ва дар Аляска бошад, яхбастагии чандинсола аз байн рафта метавонад.

Дар ҳамин ҳол, олимон рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъ ва баргаштан ба сатҳи муътадили ҳароратро, ки ахиран соли 2006 дар ин қитъа ба қайд гирифта шуда буд, пешгӯйӣ намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.