Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмимаш дар бораи бастани ду консулгарияш дар Русия хабар дод. Дар назар аст, ки ин консулгариҳо дар ду шаҳри бузурги Русия - Екатеринбург ва Владивосток баста шаванд. 

Вазорати хориҷаи ИМА ҳам рӯзи 19-уми январ таъйид кард, ки ин консулигариҳоро дар ин ду шаҳр мебандад. Агар ин ду консулгарии ИМА ҳам дар Русия баста шаванд, охирин консулгариҳое хоҳанд буд, ки шаҳрвандони Русия барои дарёфти раводид ва дигар расмиёти сафар ба ИМА ба инҳо муроҷиат мекарданд. 

Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА бо сафири кишвараш дар Русия  Ҷон Суливан, рӯйи ин мавзуъ суҳбат кардааст ва гуфтааст, ки "ба хотири тадбирҳои амниятӣ бастани консулгариҳоро дар нақша гирифтаанд".

Баҳси бастани консулгариҳо соли 2017 пас аз қазияи марбут ба Скрипалҳо сар зада буд. ИМА бо эътироз ба заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси рус, ки дар Бритониё паноҳ бурда буд, консулгарии Русия дар шаҳри Сиэттлро баст. Русия дар посух ба ин консулгарии ИМА дар Санкт-Петербургро баст ва сафари дипломатҳои амрикоиро мушкил кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.