Шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар саросари дунё ба 89 млн нафар наздик мешавад, хабар дода мешавад дар маълумоти донишгоҳи Ҷон Хопкинс.

Ба ин тариқ, ба ҳолати 25 декабр дар 191 кишвар ва қаламрави саросари ҷаҳон 79 млн 383 ҳазору 574 ҳолатҳои сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Теъдоди фавтидагон аз вирус ба 1 млн 742 ҳазору 423 нафар расида, то ин дам зиёда аз 54 млн кас аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Аксарияти сироятёфтагон дар ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия - мутаносибан 18,6 млн, 10,1 млн ва 7,4 млн нафар ошкор шудаанд.

Ба сафи кишварҳое, ки дар онҳо зиёда аз 2 млн ва бештар аз он ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст (бо шумули ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия), кишварҳои зерин дохил мешаванд:

- Русия — 2,9 млн;

- Фаронса — 2,5 млн;

- Британияи Кабир — 2,1 млн;

- Туркия — 2,1 млн;

- Италия — 2 млн.

Ба ҳолати 24 декабр дар Тоҷикистон 13 ҳазору 106 нафар сироятёфтагон аз коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Теъдоди фавтидагон аз оғози пандемия 89 нафарро ташкил дода, 12 ҳазору 578 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.