Ин шабу рӯзҳо аз террор шудани Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон як сол мегузарад. Шахсияте, ки ҳам дар замони зинда будан ва ҳам дар ҳоли ҳозир ҳамеша аз мавзуъҳои матраҳ дар қазияи Ховари Миёна ва минтақаи Осиёи Ҷанубӣ буд. Ҳатто баъди маргаш ҳам мавзуъи Қосим Сулаймонӣ маҳофили сиёсиву расонаиро тарк намекунад. Рӯзҳои ахир барафрошта шудани тандису сардис (ҳайкалу нимпайкара)-и ин шахсияти низомии Эрон дар худи Эрон ва шаҳри Бейруту кишвари Ироқ низ ҷанҷолҳое ба дунбол дорад.

Эрон дар куштани Қосим Сулаймонӣ шахси президенти барҳоли ИМА Доналд Трамп ва давлати ӯро муттаҳам медонад ва талош дорад Трампро ҳамроҳ бо бештар аз 40 тани дигар аз мақомҳои амрикоӣ дар ҷустуҷӯйи хатти сурхи пулиси байналмилалӣ ё интерпол қарор бидиҳад. Ҳодии Заргарӣ коршиноси масоили сиёсии Эрон дар як матлабе ба таноқузи шеваи қатли шахсияти  ин чеҳраи пурбаҳси сиёсиву низомии Эрон пардохтааст, ки барои хонандаи тоҷик ҳам донистаниҳои он кам нестанд.

Дар таърихи 3 январи 2020, генерал Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи Сипоҳи Қудс ва яке аз шахсиятҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳии чанд шахсияти эронӣ ва ироқии дигар, ҳангоми як амалиёти террористӣ дар атрофи фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ мавриди ҳадафи ҳавопаймои бесарнишини Амрико қарор гирифта ва ба шаҳодат расиданд. Дар ҳоле ки дар остонаи солгарди ин иқдоми террористӣ қарор дорем, ки бе шубҳа, метавон онро яке аз муҳиммтарин ва нодиртарин рӯйдодҳои минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳон қалам дод кард.

 Зеро як фармондеҳи расмӣ ва шахсияти шинохташудаи низомӣ дар мубориза бо ДИИШ, ба унвони муҳимтарин гурӯҳи террористӣ дар Ховари Миёна, дар як сафари расмӣ дар кишвари солис (сеюм) аз сӯи неруҳои амрикоӣ мавриди ҳамла қарор гирифт ва террор шуд. Амре, ки бо интиқоди ҷаҳонии густурда аз Амрико ба далели анҷоми ин ҷиноят ҳамроҳ шуд.

Дар пай ин террор мақомоти амрикоӣ иллати ин иқдомро дастури ошкорои Президенти ин кишвар эълон намуданд. Доналд Трамп – Президенти Амрико ва давлати вай пас аз рӯбарӯ шудан бо интиқодоти байналмилалӣ дар пай ин террор бо матраҳ кардани иддаоҳои бепоя талош карданд, ин иқдоми террористиро қонунӣ ҷилва диҳад. Амре, ки бо шикаст рӯ ба рӯ  шуд ва натанҳо бисёре аз шахсиятҳои сиёсӣ ва расонаҳои мӯътабари ҷаҳон, балки Созмони Милали Муттаҳид низ ғайриқонунӣ будани онро дар гузориши вежаи худ эълон кард.

Маҳбубияти Қосим Сулаймонӣ ва нақши вай дар мубориза бо терроризм


Қабл аз пардохтан ба моҳияти ғайриқонунии ин иқдоми Амрико, ки вайрон кардани ҳуқуқи байналмилал ва усули дарҷшуда дар Ойинномаи Созмони Милал ба шумор меравад, лозим аст ба ҷойгоҳи Қосим Сулаймонӣ, коркард ва нақши вай дар мубориза бо терроризму шикасти ДИИШ пардохта шавад.

Шояд барои бахши қобили таваҷҷуҳе аз афкори умумии ҷаҳон, маҳбубияти Қосим Сулаймонӣ пас аз маросими ҷанозаи миллионии эшон дар Эрон ва баргузории маросими бошукуҳи азодорӣ барои эшон дар бархе кишварҳо, мисли Ироқ, Покистон ва ё дигар кишварҳои исломӣ ошкор шуда бошад, лекин эшон дар даврони ҳаёт ва қабл аз шаҳодат низ ба далели ҳузури мустақим дар майдони мубориза бо ДИИШ ба унвони як қаҳрамони миллӣ ва шахсияти маҳбуб дар Эрон ва сатҳи минтақа шинохта шуда буд.

Дар ҳоле ки барои чанд сол ва пас аз пешравиҳои ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ва иҷрои амалиётҳои густурда тавассути авомили он дар кишварҳои  аврупоӣ, шоҳиди ваҳшати ҷаҳонӣ аз пешравии ин гурӯҳи террористӣ будем, Қосим Сулаймонӣ ва ҳамразмони эшон амалиётҳои муваффақе дар сатҳи минтақа муқобила бо ин гурӯҳи террористӣ дошта ва дар ниҳоят муваффақ ба саркӯб ва контроли он шуданд. Ҳар чанд генерал Сулаймонӣ ба унвони душмани шумораи яки ДИИШ ба шумор мерафт ва нақши эшон дар мубориза бо ДИИШ бар касе пӯшида нест, лекин зикри як хотира аз Барзонӣ - раҳбари Курдистони Ироқ намоёнгари нақши муҳимми вай дар саркӯби ДИИШ аст. Барзонӣ дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо унвон «Арбил чӣ гуна наҷот ёфт»  мегӯяд: «Дар шароите, ки ДИИШ ба дарвозаҳои Арбил расида буд, аз ҳама қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дархости кумак кардам, ки бо посухи манфӣ рӯбарӯ шуд ва Эрон нахустин кишваре буд, ки дар мубориза бо ДИИШ ба мо (Курдистони Ироқ) кумак кард». Вай дар идома мегӯяд пас аз ин амр Қосим Сулаймонӣ ба ҳамроҳи неруҳои худ ба кумаки мо омаданд ва пас аз чанд соат ДИИШ ночор ба ақибнишинӣ шуд.

Ин фаъолиятҳои генерали эронӣ дар мубориза бо ДИИШ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба эътирофи Ҳилари Клинтон,вазири умури хориҷаи Амрико  дар даврони Обама, давлати Амрико дар созмондиҳӣ ва эҷоди ДИИШ дар Ироқ ва густариши он дар минтақа нақши муҳимме доштааст. Ин мавзӯъ ҳатто аз сӯи Трамп низ баён шудааст.

Террори Сардори Сулаймонӣ ва вайрон кардани ҳуқуқи байналмилал

Иқдоми низомии Амрико, ки сабабгори террори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамроҳони ӯ шуд, аз манзари ҳуқуқи байналмилал ғайриқонунӣ ва вайронкунандаи усули гуногуни Ойинномаи Милали Муттаҳид аст. Тибқи модаи яки Ойинномаи Милали Муттаҳид, аҳдофи назири ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, тавсеаи равобити дӯстона бар асоси эҳтироми мутақобил ба ҳуқуқи миллатҳо, ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли ихтилофот ва ҳамоҳангӣ дар ин умур аз ҷумлаи аҳдофи Созмони Милал ба шумор меравад. Ҳамчунин тибқи моддаи дувуми Ойиномаи Милали Муттаҳид, асли ҳокимияти баробарии ҳамаи давлатҳо, ҳусни ният, ҳалли ихтилофоти байналмилалӣ бо абзорҳои сулҳомез, даст кашидан аз зӯр ё таҳдид ба истифода аз он, ва адами мудохила дар умури дохилии дигарон аз усули асосиии Созмон Милал ба шумор мераванд.

Бо таваҷҷуҳ ба моҳияти террори Сардор Сулаймонӣ ба унвони як шахсияти низомии расмӣ дар қаламрави як кишвари солис ва бидуни иҷоза аз он кишвар, метавон гуфт, Амрико бо ин иқдом аҳдофу усули Созмони Милал ба унвони мабонии Ойинномаи Милал Муттаҳидро вайрон кардааст. Бешубҳа, иқдоми Амрико дар террори шахсиятҳои низомӣ ва расмии дигар кишварҳо ноқизи ҳадафи аввалияи Созмон Милал, яъне сулҳу амнияти байналмилалист. Аммо илова бар нақзи аҳдофи Созмони Милал, Амрико бо иртикоби ин иқдоми террористӣ усули Созмони Милали дар моддаи 2 ойиннома дарҷшуда, ки бархе аз онҳо ба унвони усули кулии ҳуқуқӣ низ шинохта шудаанд, вайрон кардааст. Дар навбати аввал, ин иқдом иқдоми вайронкунандаи ҳокимияти миллии Ироқ ва вайронкунандаи асли асосии ҳокимияти як кишвари узви Милали Муттаҳид аст, зеро ин амалиёт бидуни иҷозаи давлати Ироқ анҷом гирифтааст ва мақомоти ироқӣ ин амалиётро вайрон кардани ҳокимияти Ироқ донистаанд. Илова бар ин, ин иқдоми Амрико асли баробарии давлатҳоро низ вайрон кардааст. Асли баробарии ҳокимият талаб мекунад ҳеҷ кишваре, ҳар чанд қудратманд, ҳақ надорад дар сарзамин кишвари дигар иқдоме анҷом диҳад, ки бар хилофи амнияти он кишвар бошад. Бидуни тардид, Амрико бо ин амалиёт ҳокимияти Ироқро бе ҳеҷ шубҳа поймол кардааст.


Мамнуъияти истифода аз зӯр ё таҳдиди истифода аз зӯр аз дигар усули ҳуқуқии нақзшуда аз сӯи Амрикост. Амалиёти низомӣ алайҳи шаҳрвандони як кишвар, бидуни иҷозати қонунӣ, таҷовуз аст. Дар ин хусус, илова бар террори Сардор Сулаймонӣ ба унвони як шахсияти расмии низомӣ, бо террори Абу Маҳди Ал-Муҳандис ва шаҳрвандони ироқие, ки низомиёни қонунии як кишвар будаанд, тамомияти арзии Ироқ нодида гирифта шудааст, ки бар хилофи қоидаҳои байналмилалӣ аст, зеро асли мамнуъияти истифода аз зӯр ба унвони як асли бунёдии ҳуқуқиро мавриди бетаваҷҷуҳӣ қарор додааст.

Моҳияти ғайриқонунии иқдоми Амрико дар террори Сардор Сулаймонӣ ба қадре ошкор аст, ки Агнес Калламард, гузоришгари вижаи Созмони Милал низ, дар гузориши худ ба равшанӣ бар ин мавзӯъ таъкид ва онро хилофи қавонини байналмилалӣ ва Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид донистааст. Вай дар гузориши худ бо тамаркуз бар истифодаи аз ҳавопаймои бесарнишини низомӣ барои террору қатлҳои ҳадафманд, мӯътақид аст. Аёлоти Муттаҳидаи Амрико натавониста мадорику шавоҳиде пешниҳод кунад, ки намоёнгари хатари фаврии Сардори Сулаймонӣ барои шаҳрвандони амрикоӣ бошад. Хонум Калламард дар гузориши худ тасреҳ кард, ки қатли ҳадафманди Қосим Сулаймонӣ бар хилофи Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид рӯй додааст. Вай бо ишора ба инки террори Сардори Сулаймонӣ тавассути Амрико вайронкунии ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Таъкид кард, ки агар як масъули баландпояи ғарбӣ ба ин шакл мавриди ҳадаф қарор мегирифт, кишвараш онро эълони ҷанг талаққӣ мекард. Вай ҳамчунин дар гузориши худ баён медорад, Амрико бо террори Сардор Сулаймонӣ Ойинномаи Созмони Милал дар робита бо дифоъ аз худро вайрон кард.

Табиист, ки мутобиқи тамомии қавонини байналмилалӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон муваззаф ба дифоъ аз шаҳрванд ва амнияти худ буда ва  борҳо эълон кардааст, ки посух ба ҷинояти Амрикоро барои худ маҳфуз медорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.