Онтуни Фучи, мушовири аршади раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури тандурустӣ гуфтааст, ки ба сурате, ки ҳоло дар ин кишвар татбиқи воксини COVID 19 ҷараён дорад, ин кишвар то охири моҳи август ва аввали сентябр ба зиндагии одии пеш аз хуруҷи ҳамагирии коронавирус бар хоҳад гашт. 

Ӯ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар дар як рӯз аз ду то се миллион воя воксин татбиқ мешавад, ки ин нишондоди хеле баланде аст.

Ӯ гуфтааст, ки агар ҳамаи афроди осебпазир воксин зада шаванд, бархе аз маҳдудиятҳоеро, ки ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз коронавирус ҷорӣ карда буд, метавон бардошт. 

Ҳоло гуфта мешавад, ки танҳо 10 дар сади мардуми Амрико воксин зада шудаанду халос. 

Аммо мушовири тандурустии Қасри Сафед нигаронӣ кардааст, ки худдории бархе аз мардум аз гирифтани воксин решакан кардани  комили ҳамагириро дар ин кишвар ба таъхир рӯ ба рӯ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.