Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки гуруҳҳое аз ин ниҳод хостаанд, ки матни таронаи Манижа Сангинро, ки қарор аст Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ кунад, бисанҷад. Дар ин бора  рӯзи панҷшанбе намояндаи расмии ин ниҳод Светлана Петренко РИА Новости хабар додааст.

“Ба Кумитаи тафтишот бо дархости санҷиши калимаҳо дар таронаи Манижа дар мавриди изҳороти эҳтимолии ғайриқонунӣ муроҷиат расид. Муроҷиат бо тартиби дар қонун муқарраршуда баррасӣ мешавад”, - гуфтааст Петренко дар посух ба саволи марбутаи РИА Новости.

Қаблан идораи нашрияи “Ветеранские вести” ба роҳбари Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин дар ин маврид муроҷиат карда буданд. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳунарнамоии саҳнавии Манижа дар таронаи Russian Woman шаъну эътибори занони русро таҳқир намуда, ризояти миллиро дар Русия халалдор месозад.

Ғолибият дар озмуни интихоби миллӣ ба “Евровидение” рӯзи 8 март ба Манижа “шуҳрат”-и ногаҳониву беандоза овард. Агар пештар овозхонро як гурӯҳи начандон зиёди алоқамандон медонистанд, пас ҳозир номи ӯ вирди забони ҳамагон аст. Аз ӯ ҳам ситоиш мешаваду ҳам норозигӣ изҳор мегардад, аз қабили: магар дар Русия дигар ҳунарманди рустар ёфт нашуд?

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия мебошад. Дар озмуни интихоби миллии "Евровидение-2021" ӯ бо суруди Russian Woman ҳнарнамоӣ кард, ки сарусадоҳои зиёде ба бор овард: барои “арзишҳои зиддирусиягӣ” ӯ мавриди танқид қарор гирифт, аз ҷумла аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.