Кобинаи вазирони Русия ба вуруди донишҷӯёни хориҷие, кт дар ин кишвар таҳсил мекунанд, иҷоза дод. Санаде, ки дар ин замина 16 март ба имзо расидааст, на ба ҳама, танҳое ба донишҷӯёне иҷоза медиҳад, ки вазъи эпидемологӣ дар онҳо беҳбуд ёфтааст,  менависад нашрияи "Известия"

Ин кишварҳо бар асоси пешниҳоди вазорати маорифу илм ва тасдиқи  Ситоди фаврии муқобила бо коронавирус дар ин кишвар муайян карда мешавад. Ин тасмимро палатаи поёни порлумони Русия ҳам пуштибонӣ кардааст. 

Вазорати илму маорифи Русия гуфтааст, ки ба донишҷӯён хабари иҷоза ёфтанро худи донишгоҳо ва ба василаи нашри маълумот дар торнамоҳои худи донишгоҳҳо ва ба василаи шабакаҳои иҷтимоиву паёрасонҳо  мерасонанд. 

Ин ниҳод гуфтааст, ки баро баргашт ба донишгоҳҳои омодагии вижа талаб карда мешавад. 

Донишҷӯёни хориҷӣ 10 рӯз қабл аз рӯзи омадан ба Русия бояд тавассути почтаи электронӣ куратори донишгоҳияшро аз рӯзи омадани худаш ба нуқтаи марзӣ хабар дор кунад.

Ҳамаи донишҷӯён барои вуруд ба Русия бояд тавассути почтаи электронӣ иҷоза ё тасдиқи намояндаи мактаби олиро дарёфт кунанд ва тести лозим супоранд. Ташхисро бояд на пештар аз се рӯзи ворид шудани ба Русия бисупоранд. 

Донишҷӯён баъди ворид шудани ба Русия бояд натиҷаҳои тести худро ба масъулини донишгоҳ ва хобгоҳ пешниҳод кунанд. Ҳамчунин дар Русия бояд дубора ин гуна тест бисупоранд ва то маълум шудани натиҷаи тестҳояшон қоидаҳои худинзивоиро дар хобгоҳ риоят кунад ва метавонад дар ин муддат ба таҳсил онлайн идома бидиҳад. 

Донишҷӯёни тоҷик то кунун ин иҷозаро дарёфт накардаанд ва то маълум шудани иҷоза ба дарсҳояшон онлайн идома медиҳанд. 

Ҳоло бино ба маълумоти расмии Вазорати маориф дар Тоҷикистон 1800 донишҷӯй банд мондаанд. Аммо инҳо донишҷӯёне мебошанд, ки расман дар пойгоҳи Вазорати маориф сабти ном шудаанд, онҳое ки сабт нашудаанд метавонанд зиёдтар бошанд. 

Тирамоҳи соли 2020 донишҷӯёни тоҷик талоши зиёде карданд, ки Русия барои онҳо иҷоза бидиҳад, ки бираванд, вале ин талошҳояшон натиҷа надод. Онҳо барои додхоҳӣ ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон рафтанд, аммо натиҷае ҳосил нашуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.