Дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хиёбоне ба ифтихори Шоҳ Имсоили Сомонӣ номгузорӣ шуд ва дар он ёдномае бо лавҳи ёдгорӣ ва тасвири намодини Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Дар ин бора Забеҳ Фитрат, масъули дафтари фарҳангии Ато Муҳаммади Нур, раиси собиқи вилояти Балх ба "Азия-Плюс" иттилоъдод.

Расми пардабардорӣ аз тандиси намодини Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Балх, дирӯз дар рӯзи ҷашнгирӣ аз Наврӯз бо ҳузури раиси вилояти Балх, раиси шӯрои вилоятӣ ва дигар шахсиятҳои пурнуфузи Афғонистон сурат гирифтааст.

Ин хиёбон дар шаҳри Мазори Шариф аз ҷодаи машҳур ба "Дарвозаи ҷумҳурӣ" аз порки Фирдавсӣ то дуроҳии Ҳайратони шаҳри Мазори Шариф ба номи "Хиёбони шоҳ Исмоили Сомонӣ" номгузорӣ шудааст, ки 12 км тӯл дорад. 

Бино ба навиштаи саҳфаи "Nowruz1400نوروز", ки ин иқдом дар доираи барномаҳои ҷашни 5700-солагии шаҳри Балх сурат мегирад ва масрафи онро Ато Муҳаммад Нур раиси пешини влояти Балх ва яке аз шахсиятҳои сиёсии пурнуфузи Афғонистон аз масорифи шахсияш пардохтааст.

Ба гуфтаи Забеҳ Фитрат "ин хиёбон 7 сол пеш ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шуда буд, вале дар доираи барномаҳои ҷашнгирӣ аз 5700-солагии шаҳри Балх лавҳаи ёдгорӣ ва катибаи он сохта шуд. Ёдгоҳ аз санги кошӣ сохта шуд, ки як камоне дар паҳлӯяш дорад ва дар он зиндагиномаи мухтасари ин шоҳи одили балхӣ ҳаккокӣ шудааст".

Забеҳ Фитрат мегӯяд "ин иқдом дар заминаи ифтихороти таърихӣ ва ҳувияти тамаддунии мо бисёр арзишманд аст".

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ, апрели 849 дар Фарғона 24 ноябри 907-и милодӣ дар Бухоро фавтидааст. Аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — Давлати Сомониён буд. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳи 892 - 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.

Бино ба маълумоти таърихӣ хонадони Сомониён, ки баъди ҳуҷуми арабҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон нахустини давлати мутамаркази фарогирирро таъсис доданд, асолатан аз шаҳри Балх буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.