Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 13 апрел бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ кард. Ду президент масоили минтақавиву байналхалқӣ, аз ҷумла муносибатҳои ИМА бо Русияро баррасӣ карданд.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, Байден гуфтааст, ки ИМА дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии Украина мавқеи устувор дорад. Вай ҳамчунин аз афзоиши ҳузури низомиёни рус дар марз бо Украина изҳори нигаронӣ карда, аз Русия даъват кардааст, ки шиддатро коҳиш диҳад.

Хабари гуфтугӯи телефонии Путин бо Байднеро сомонаи Кремл низ нашр кардааст. Дар сомона гуфта шудааст, ки ин гуфтугӯ бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст. Ба иттилои Кремл, Байден ба президенти Русия пешниҳод кардааст, ки дар фурсатҳои наздик мулоқот кунанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ба “Коммерсант” дар мавриди даъвати Байден изҳор доштааст, ки пешниҳод дар бораи вохӯрии сарони кишварҳои Русия ва ИМА “мавриди омӯзиш қарор мегирад”.

Қобили зикр аст, ки пас аз нашри хабар дар бораи занги Байден ба Путин қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва евро ба таври назаррас мустаҳкам шуд. Ҳамагӣ баъди ним соати нашри иттилоияи расмии Кохи Сафед қурби рубл нисбат ба доллар ба андозаи 1,53 рубл боло рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.