Аҳмади Масъуд, ягона писари Аҳмадшоҳ Масуъд - фармондеҳи ҷиҳод ва муқовимат ва Қаҳрамони миллии Афғонистон дар як мусоҳибаи вижа бо шабакаи "Тулуънеюс" мегӯяд, ки ӯ ба хотири омадани сулҳ дар Афғонситон омода аст хуни падарашро бибахшад, вале барои ормонҳое, ки падараш дунбол мекард, вориди сиёсат шудааст.
Ӯ дар ин мусоҳиба номгузории яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Пориси Фаронсаро ба номи падараш намояндагии Масъуд аз исломи эътидолӣ дар Аврупо ва ҳамсӯиву ҳаназарии аврупоиён бо ин андеша унвон мекунад.
Ӯ дар ин мусоҳиба аз Аҳмадшоҳ Масъуд ба унвони улгу, нишона ва талошу муборизаи тамоми мардуми Афғонистон дар муқобили ду тафаккури тотолитор: таҷовузи сурх (Иттиҳоди Шӯравӣ) ва таҷовузи сиёҳ ("Толибон") ном мебарад. Ва мегӯяд, ки омода аст барои сохтани як Афғонистони навин ва ба хотири сулҳ бо "Толибон" оштӣ кунад.
Ба суоли такрор ба такрори хабарнигор, ки агар дар қатли падаратон даст дошта бошанд ҳам мебахшед, Аҳмади Масъуд посух медиҳад, ки мебахшам. "Хуни қаҳрамони миллиро мебахшам, аммо ормонашро ба ҳеч унвоне ҳозир нестам фаромӯш кунам".
Дидгоҳҳои дигари Аҳмади Масъудро, ки имрӯз номи Амири Ҷавонро гирифтаасту аз сӯйи ёрону ҳаводорони падараш барои пеш бурдани ормонҳои Аҳмадшоҳ Масуъд вориди рақобатҳои сиёсӣ шудааст, метавонед аз ин видео бубинед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста