Субҳи рӯзи 11 май дар мактаби №175-и шаҳри Қазони Русия тирпарронӣ рух дода, як шахси мусаллаҳ вориди мактаб мешавад ва тир мепарронад.
Тибқи маълумоти хабаргузориҳои ТАСС ва “Интерфакс” ҳамлагарон 2 нафар будаанд.
Роҳбари Тотористон Рустам Миннихонв изҳор доштааст, ки яке аз ҳамлагарон - ҷавони 19 сола боздошт шудааст. Ҳамлагари дигарро баъдтар хадамоти махсус нобуд карданд, хабар додаанд ТАСС ва Интерфакс бо истинод ба манбаъҳо, менависад Би-Би-Си.
Президенти Тотористон Рустам Миннихонов аз мактаб боздид намуда, дар бораи 7 нафари ҳалокшуда маълумот додааст.
“Мо 7 кӯдакро талаф додем. Хонандагони синфи 8-ум. Чор писар ва се духтар. Онҳо дар ошёнаи сеюм ҳалок шудаанд”, - гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.
Кумитаи миллии зиддитеррористӣ низ аз фавти ҳафт нафар кӯдакон хабар додааст.
Баъди чанде дар шаҳрдории Қазон изҳор доштаанд, ки боз як муаллима ҳам аз тирандозӣ ҳалок шудааст ( ҳамагӣ 8 нафар, ки 7-нафарашон ноболиғонанд).
Дар дафтари матбуоти роҳбари Тотористон ба РИА Новости иттилоъ додаанд, ки 7 нафар кӯдаку 1 нафар муаллима ҳалок ва 20 нафар захмӣ шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста