Кохи Сафеду Кремлин омодагиҳоро барои дидори руасоси ИМА-ву Русия оғоз карданд. Ҷаласаи президентҳои ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин бояд моҳи оянда баргузор шавад.

Рӯзи 24-уми май дар изҳороти муштараки мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев машваратҳои Женева чун «иқдоми муҳим» дар амри омодагӣ ба ҷаласаи ду раҳбар тавсиф шудааст. Дар як изҳороти муштараки ин ду мақом омадааст, ки «бо вуҷуди дидгоҳҳои фавқулодда мутафовит, муколама дар фазои созанда барпо гардид ва барои дарки беҳтари мавқеи ҳар як ҷониб имкон фароҳам овард».

Макон ва таърихи баргузории ҷаласаи Байден ва Путин дертар эълон мешавад, вале интизор меравад, ки он моҳи июн дар ҷараёни нахустин сафари Байден дар мақоми президенти Амрико ба Аврупо имконпазир мешавад. Қарор аст моҳи июн дар Бритониё ҷаласаи кишварҳои Гурӯҳи Ҳатфгона ва ҳам дар Брюссел мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупову НАТО баргузор шавад.

Мушовирони калони амниятии ИМА ва Русия доираи васеи масоили марбут ба манфиати дуҷонибаро аз дидгоҳи суботи стратегӣ баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.